Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон боз ду сарбози НАТО ҳалок шуданд


Дар Афғонистон рӯзи шанбе бар асари таркиши бомбаи канори роҳ боз ду сарбози паймони НАТО ба ҳалокат расиданд. Пеш аз он дафтари матбуотии Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон ё худ ISAF эълон карда буд, ки дар чанд ҳамлаи ҷудогона дар Афғонистон се сарбози амрикоӣ ва як низомии Фаронса кушта шуданд. ISAF нагуфт, ки ду қурбонии ахир шаҳрванди кадом кишвар буданд. Фақат иттилоъ дода шуд, ки ҳодиса дар ҷануби Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Сар аз якуми июл ба ин тараф дар Афғонистон 75 сарбози хориҷӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG