Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон бори дуюм савганд ёд кард


Имрӯз президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бори дуюм савганди раёсатҷумҳурӣ ёд намуда, ӯҳдадор шуд, ки дар даври дуюми президентиаш бо қашшоқиву фасод мубориза мебарад. Боқиев гуфт, ӯ мехоҳад рушди давомдори кишварашро таъмин намуда, амнияти миллии онро таҳким бахшад. Ҳафтаи гузашта дар интихоботи президентии Қирғизистон Боқиев пирӯзии назаррас ба даст овард, вале мухолифин таъкид мекунанд, ки ин пирӯзӣ натиҷаи тақаллуби мақомот аст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки назорати интихоботро бар дӯш дошт, ин интихоботро танқид кардааст. Бо ишора ба интихобот ИМА гуфтааст, ки Қирғизистон " ӯҳдадориҳои байналмилалиашро иҷро накард".
XS
SM
MD
LG