Пайвандҳои дастрасӣ

Хотамӣ додгоҳро маҳкум кард


Собиқ президенти Эрон ва ҷонибдори калидии ҷумбиши мухолифини ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ Муҳаммади Хотамӣ муҳокимаи 100 фарди муттаҳам бо ташкили хушунатҳои баъди интихоботи президентии Эронро маҳкум кард.

Хотамӣ гуфт, ки муҳокимаи хилофи қонуни асосӣ, қонунҳои одӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Хотамӣ афзуд, додгоҳ бар шаҳодатҳое такя кардааст, ки дар шароити ғайришаръӣ гирифта шудаанд.

Пеш аз он ҳизби ислоҳотталаби Ҷабҳаи мушорикати исломии Эрон иброз дошт, ки ҳатто чӯҷаи бирён рӯи иттиҳомоти додгоҳ ханда хоҳад кард. Ҳизб муҳокимаро театр номид.

Дар байни 100 муттаҳам вакилони мардумӣ, собиқ вазирону собиқ ноиб-президенти Эрон шомил ҳастанд, ки баъди эътирозҳои мардумии моҳи июн ба ҳабс гирифта шуданд. Эътирозҳои моҳи июн пас аз эълони пирӯзии президент Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба вуқӯъ пайвастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG