Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи якшанбе Қурмонбек Боқиев дар маросиме дар Бишкек барои оғози давраи дуввуми президентиаш савганди вафодорӣ ёд кард.

Ӯ гуфт, бо қашшоқиву фасод мубориза бурда, баҳри ташкили рушди давомдор, таҳкими амнияти миллӣ беҳбуди шароити зисти мардуми қирғиз талош меварзад.

Дар паёми худ президенти Қирғизистон иброз дошт, ки дар даври аввали президентии ӯ дар Қирғизистон сулҳу субот пойдор буд. Номбурда мубориза бо фасод ва коҳиши мизони каммбизоатии мардуми кишварро вазифаҳои асосии давлат унвон дод.

Дар маросими савгандёдкунии Боқиев президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур дошт.

Бар пояи иттили расмӣ, Боқиев дастгирии беш аз чор-се ҳиссаи раъйдиҳандагонро касб намудааст, вале фаъолони мухолифин ҳукуматро бо тақаллуб дар интихобот муттаҳам намуда, натиҷаҳои онро эътироф намекунанд.

Аз ҷумла рақиби асосии Боқиев собиқ сарвазири Қирғизистон Алмосбек Атамбоев гуфтааст, ки Боқиевро ба ҳайси президент намешиносад. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳам ба тақаллуб дар ҳавзаҳои интихоботӣ ишора карда, иброз доштааст, ки интихоботи пркзидентии 23 июл ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Қирғизистон набуд.

Дар ҳамин ҳол президент Боқиев мегӯяд, ки барои кишвар ваҳдат муҳим аст ва ғалабаи ӯ пирӯзии тамоми мардуми Қирғизистон мебошад. Ӯ аз ҷумла гуфт, "мардуми қирғиз дар ин интихобот хости худро зоҳир намуд. Раъйдиҳандагон зимоми қудратро ба Қурмонбек Боқиев супурданд. Ин эътимод ва масъулияти бузург аст".

Вале Омурбек Текебоев, раҳбари ҳизби Ота-макони мухолифи ҳукумат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки интихоботи 23 июл чизе бештар аз як дасиса нест.

Вай афзуд, "ин интихобот ғайриқонунист. Дар сарқонуни мо навишта шудааст, ки интихоботи президентии кишвар бояд дар ҳафтаи ахири моҳи октябри соли равон доир шавад. Хуллас, интихобот ғайриқонунист. Сониян, тамоми овоздиҳӣ ва раванди интиби дубора хилофи сарқонун буд. Ин рӯйдодҳои ҳамагӣ шаҳодати дасиса бозӣ ҳастанд."

Баъди интихобот эътирозҳои парокандаи мухолифин барпо шуда буданд, вале рӯзи якшанбе ҳама ҷо ором буд. Ба қавли хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ даҳ нафар ыонибдорони мухолифин, ки дар рӯзи интихобот боздошт шуда буданд, то ҳол дар маҳбас мебошанд.
XS
SM
MD
LG