Пайвандҳои дастрасӣ

Фавти 3 амрикоӣ ва 1 фаронсавӣ дар Афғонистон


Низомиёни ИМА мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар ду таркиши ҷудогона дар ҷануби Афғонистон се сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ҳодисаи дигар низомиёни Фаронса иттилоъ доданд, ки бар асари бархӯрди мусаллаҳона бо ошӯбгарон дар шимоли Кобул як сарбози ин кишвар кушта ва ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Моҳи июл дар Афғонистон 70 сарбози хориҷӣ аксаран амрикоиҳо ба қатл расиданд. Рӯзи ҷумъа ҳангоми ҳамлаи Толибон болои корвони интиқолдиҳандаи варақаҳои овоздиҳӣ чор сарбози афғон дар ғарби ин кишвар ҳалок шуданд. Дар як гузориши нави СММ гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то моҳи июни соли равон дар Афғонистон 1013 фарди осоишта ба ҳалокат расидаанд. Бар пояи иттилои СММ соли гузашта дар ҳамин давра 818 нафар мардуми мулкӣ ба қатл расида буд. Масъулияти аксари қурбониҳо бар дӯши Толибон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG