Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, арзиши нерӯи барқ барои аҳолии ин кишвар аз 1-уми августи соли ҷорӣ 25 дарсад афзоиш ёфт.

Ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, ки то ин замон аҳолӣ барои истифодаи як киловат-соат нерӯи барқ 6 дирам пардохт мекард.

Рӯзи шанбе вақте мо аз сохтори барқии шаҳри Душанбе дидан кардем, аксарияти онҳое, ки барои пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ омада буданд, аз болоравии арзиши навбатии барқ огоҳӣ надоштанд.

Сокини пойтахт Райҳона Машидова мегӯяд, ки ҳар моҳ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро аз 20 то 40 сомонӣ пардохт мекунад, ки ин 40 дарсади маошашро ташкил медиҳад. Хонум Машидова меафзояд, ”нархи барқро боз 25 дарсад боло бурдаанд, ки ин ба воқеияти зиндагии мо рост намеояд”.

Сокини шаҳри Қурғонтеппа Ҷамолиддин Сайфиддинов мегӯяд, дар ҳоле, ки кишварро бӯҳрони иҷтимоӣ фаро гирифтааст ва маоши ҳадди ақал дар кишвар 100 сомониро ташкил намедиҳад, боло рафтани арзиши нерӯи барқ ин вазъи бади иҷтимоии мардумро дучанд мегардонад ва табиист ки мардум дигар чора надоранд.

Вай афзуд, “бо нархи пешина мардум тавони пардохти нерӯи барқро надоштанд боз ба зами ин боло рафтани арзиши барқ мушкили онҳоро дучанд намуд”.

Дар ҳоле ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми август арзиши нерӯи барқ баланд шуд, аммо масъулини шӯъбаи шаҳрии барқдиҳӣ дар сӯҳбат ба мо дар ин маврид изҳори беиттилоӣ карданд ва гуфтанд, ки то ба ҳанӯз санади расмии дар бораи боло рафтани нерӯи барқ ба сохтори онҳо нарасидааст.

Баъд аз тасвиби ин қарор аз 1-уми августи соди ҷорӣ шаҳрвандон бояд барои як киловат нерӯи барқ 7, 5 дирам пардохт кунанд. Ба гуфти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тасмим дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқ бо тавсияи созмонҳои молии байнулмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимнан ду сол қабл давлати Тоҷикистон бо созмонҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ тааҳҳуд карда буд, ки қимати барқро то соли 2010 то ба 2,5 сенти амрикоӣ барои ҳар киловат-соат барои мардуми кишвар боло хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои камбизоат дар ин кишвар боз ҳам душвортар хоҳад шуд.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, ки боло рафтани арзиши нерӯи барқ қаблан ҳам матраҳ буд, аммо дар шароити кунунӣ, ки кишварро бӯҳрон фаро мегирад, ин тасмим дуруст нест. Иқтисодшинос мегӯяд, “барои мардум ҳар вақт боло шудани нерӯи барқ як зарбаи сахти иқтисодӣ мебошад”.

Боло рафтани нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар холест, ки ҳафтаи гузашта миёни Тоҷикистон ва Русия созишнома дар бораи мавриди баҳрабардории муштарак аз нерӯгоҳи «Сангтуда-1» имзо шуд. Ҳарчанд ҷузъиёти ин санад то кунун эълон нашудааст, вале расонаҳои Русия итттилоъ додаанд, ки баҳои нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Бар асоси тавофуқоти қаблӣ, Тоҷикистон муваззаф буд, аз аввали январи соли ҷорӣ нерӯи барқи ин нерӯгоҳро бо қимати 3,1 сенти амрикоӣ харидорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG