Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Барои беҳбуди комили иқтисод вақт зарур аст


Президенти ИМА Барак Обама ҳушдор дод, ки барои берунрафти хоҷагии ин кишвар аз рукуди иқтисодӣ "моҳҳои тӯлонӣ" лозим мешаванд. Ахиран ҳукумати ИМА омори нави маҷмӯи нохолиси миллиро нашр намуд, ки бар пояи он дар семоҳаи дуюми соли равон коҳиши иқтисоди ИМА заиф шудааст. Обама мегӯяд, дар чанд моҳи гузашта вазъи иқтисод аз пешбинишуда беҳтар буд. Дар айни замон ӯ афзуд, ки барои муолиҷаи комили кишвар аз рукуди фавқулода чанд моҳ лозим мешавад. Президенти ИМА аз мизони бекорӣ дар ташвиш аст.
XS
SM
MD
LG