Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгирии ислоҳотҷӯи воломақом аз интихоботи Эрон


Ислоҳотталаби баландпояи эронӣ аснои муҳокимааш дар додгоҳ иброз дошт, ки дар интихоботи президентии моҳи июн тақаллуб ҷой надоштааст. Рӯзи шанбе дар оғози муҳокимаи тахминан 100 эътирозгар ва мин ҷумла чанде аз собиқ мансабдорони баландпоя дар додгоҳи инқилобии шаҳри Теҳрон Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ-яке аз ёварони наздики собиқ президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ чунин изҳороте пахш намуд. Абтаҳӣ гуфт, "масъалаи тақаллуб дар интихоботи Эрон дурӯғ аст ва он бо ҳадафи ноором кардани кишвар паҳн карда мешавад". Додгоҳ эътирозгаронро бо даъват ба хушунат, иштирок дар ғавғо ва ҳамчунон доштани иртибот бо гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG