Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Собиқ президенти Филипин-Коразон Акино вафот кард


Горди шарафи низомӣ тобути собиқ президенти Филипин хонум Коразон Акиноро барои маросими видоъ ба толори варзишии яке аз мактабҳои шаҳри Манила интиқол дод. Ҷасад то рӯзи душанбе дар ин мактаб хоҳад буд. Сипас тобути Акино ба яке аз калисоҳои ҷомеи пойтахти Филипин интиқол меёбад. Ҳамин тариқ маросими видоъ рӯзи чоршанбе ба поён расида, Акино, ки рӯзи ҷумъа дар синни 76 солагӣ аз саратон ба ҳалокат расидааст, дафн хоҳад шуд. Акиноро ҳамчун пешвои инқилоби мардумии соли 1986 мешиносанд, ки режими саркӯбкунандаи Фердинанд Маркосро баъди бист соли ҳокимияташ аз байн бурдааст.
XS
SM
MD
LG