Пайвандҳои дастрасӣ

Маскаву Бишкек ба мувофиқат расидаанд, ки дар қаламрави Қирғизистон боз як пойгоҳи низомии Русия ташкил шавад.

Созише дар ин бора 1-уми август дар рӯзи дуюми нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷаъмӣ (СПАД) ба имзо расид. Мавзӯи асосии нишаст танзими нерӯҳои зудамали ин созмон аст, ки тибқи нақша шабеҳи воҳидҳои паймони НАТО хоҳад буд.

Рӯзи шанбе дар канори осоишгоҳи Чолпон-Отаи Қирғизистон президенти Русия Дмитрий Медведев ва мизбони нишаст Қурмонбек Боқиев дар созиши пешакии таъсиси пойгоҳи низомии Русия имзо гузоштанд.

Бар пояи ин мувофиқат, Русия имкон пайдо кардааст, ки ба муддати то 49 сол дар қаламрави Қирғизистон пойгоҳи низомӣ бунёд намояд. Дар эъломияи муштараки ду раҳбар омадааст, ки нерӯҳои Русия масъули "ҳифзи истиқлоли Қирғизистон" ва муқовимат ба ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористони байнулмилалӣ хоҳанд буд.

Маскав таъкид намудааст, ки пойгоҳ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ амал хоҳад кард. Созиши ниҳоии бунёди пойгоҳ бо тафсилоти мақоми он моҳи ноябр имзо мешавад.

Дар ҳоли татбиқи ин созиш Русия соҳиби ду пойгоҳи низомӣ дар хоки Қирғизистон хоҳад шуд. Феълан дар 20-километрии шаҳри Бишкек пойгоҳи ҳавоии Кант дар ихтиёри низомиёни Русия аст. Дар созиш макони пойгоҳ ташхис нашудааст, вале зикр гардидааст, ки дар он то як баталйон ҷойгир хоҳад шуд.

Назар ба иттилои расонаҳо, пойгоҳи низомӣ дар водии Фарғона дар вилояти Ботканд, ҳаммарз бо Узбакистон, мустақар мегардад, ки ҳамчун маҳалли нуфузҷӯии ҷангҷӯёни исломӣ шинохта шудааст.

То ҷое маълум аст, Русия мехоҳад ба пойгоҳҳои аз замони Шӯравӣ боқӣ монда баргардад, вале ҷониби қирғиз саъй дорад, Русияро ба бунёди пойгоҳи комилан нав водор намояд.

Ҳомии ҳуқуқ Эдил Байсалов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бунёди пойгоҳ ин худ сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар аст. Вай афзуд, "агар Русия мехоҳад ба ин ҷо биёяд, ин кишвар бояд сармоягузорӣ кунад, зербино созад, ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва артиши мо ёрӣ расонад. Онҳо бояд пойгоҳи нав созанд. Мо бояд ин лоиҳаро дастгирӣ кунем".

Бар илова Русия ИМА ҳам дар Қирғизистон пойгоҳи ҳавоӣ дорад, ки дар амалиёти низомии эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон яке аз пойгоҳҳои калидӣ ба шумор меравад.

Моҳи феврал Қирғизистон эълон кард, ки пойгоҳи амрикоӣ дар фурӯдгоҳи Манаси шаҳри Бишкек баста мешавад, вале вақте Вашингтон барои идомаи истифода аз он 180 миллион доллар ваъда дод, Қирғизистон розӣ шуд, ки сарбозони амрикоӣ истифодаи пойгоҳро давом диҳанд.

Бо имзои созиши пойгоҳ раҳбарони кишварҳои узви СПАД, яъне Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, имкон меёбанд рӯи ташкили воҳиди зудамали шабеҳи нерӯҳои паймони НАТО тамаркуз намоянд.

Эъломияи ташкили воҳиди зудамали СПАД моҳи июн дар нишасти раҳбарони СПАД имзо шуда буд. Беларус, ки бо муттафиқи деринааш: Русия дар ҳоли баҳсу талоши тиҷориву сиёсӣ қарор дорад, то кунун ин санадро имзо накардааст.

То ҷои маълум аст, президенти Узбакистон Ислом Каримов ҳам ба бунёди пойгоҳи нави Русия дар назди марзи кишвараш мувофиқ нест.
XS
SM
MD
LG