Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла дар канори масҷиди сунниҳои Ироқ


Рӯзи шанбе бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар назди масҷиди мусулмонони суннитабори шаҳри Ҳилла воқеъ дар манотиқи марказии Ироқ ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Як рӯз пеш аз он дар канори масҷидҳои мусулмонони шиамазҳаб дар шаҳри Бағдод панҷ таркиши зоҳиран ҳамоҳангшуда ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар натиҷа камаш 29 нафар ба ҳалокат расиданд. Тибқи хабарҳо масҷидҳои мавриди ҳамла дар Бағдод бо рӯҳонии ифротгарои шиа Муқтадо ас-Садр иртибот доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG