Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон муҳокимаи эътирозгарон оғоз ёфт


Хабаргузориҳои Эрон иттилоъ додаанд, ки рӯзи шанбе муҳокимаи афроди боздоштшуда дар эътирозҳои марбут бо интихоботи президентии ин кишвар оғоз ёфт. Гуфта мешавад, ки собиқ ноиб-президенти Эрон Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳсин Аминзода ва чанд тан аз собиқ мансабдорони воломақом дар байни 100 боздоштшудаи мавриди муҳокима қарор доранд, ки бо ташвиқи хушунат, иштирок дар эътирозҳо ва доштани иртибот бо гурӯҳҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG