Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ба интихоботи президентии Қирғизистон баҳо дод


Рӯзи шанбе ИМА иброз дошт, ки интихоботи президентии 23 июли Қирғизистон Вашингтонро нигарон кардааст. Дар изҳороти сафорати ИМА дар Бишкек омадааст, ки дар ҷараёни интихобот баъзе унсурҳои мусбат ба чашм мехӯрданд, вале ИМА бо натиҷагирии гурӯҳи нозирони мустақил мувофиқ аст, ки интихобот ба аксари ӯҳдадориҳои байналмилалии Қирғизистон мувофиқат намекард.ИМА аз Қирғизистон даъват кардааст, бар пояи ӯҳдадориҳои байналмилалияш тамоми тақозоҳои қонунҳои марбут бо интихоботро бидуни тарафгирӣ иҷро намояд. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботи президентии Қирғизистонро маҳкум намуда, иброз доштааст, ки дар ин раванд тақаллуби зиёд ва сӯиистифода аз захираҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар интихоботи президентии 23 июл президенти кунунии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо дастгирии беш аз 85 дар сади раъйдиҳандагон пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG