Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин сарбози бритониёӣ Ироқро тарк мекунад


Аз ин баъд низомиёни бритониёӣ дар Ироқ ҳузур нахоҳанд дошт, зеро рӯзи 31-уми июл мӯҳлати мандати онҳо расман хотима ёфт.

Аслан хуруҷи нерӯҳои ин кишвар дар охирҳои моҳи апрел шурӯъ шуда буд – аз ҳамон давра Бритониё дар амалиёти низомӣ ширкат надорад. Ва акнун ҳатто гурӯҳи хурди низомиёни бритониёӣ иборат аз тақрибан 150 нафар, ки бояд афсарону сарбозони нерӯҳои баҳрии Ироқро тамрин диҳанд, муваққатан Ироқро тарк мекунанд ва дар Кувайт мустақар мешаванд.

Онҳо тасмими порлумони Ироқро интизор хоҳанд шуд, ки бояд созишномаи навро тасвиб кунад ва ба ин низомиёни бритониёӣ барои идомаи фаъолият баъд аз хатми мандаташон иҷоза диҳад.

Ин созишнома аллакай аз сӯи ҳукуматҳои Бритониё ва Ироқ имзо шудааст ва баррасии ниҳоии он дар парлумони Ироқ бояд ҳафтаи наздик баргузор шавад. Ва шояд ба ҳамин далел хатми ҳузури низомии Бритониё дар Ироқ бидуни тантана ва паради низомиву маросими хайрбод сурат гирифт.

Аз оғози амалиёти низомӣ дар Ироқ дар задухурдҳо, бар асари тасодуф ва ё маризӣ 179 афсару сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расидаанд ...
Тақрибан 45 ҳазор низомиёни бритониёӣ соли 2003 дар ҳайати нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар шикасти режими Саддом Ҳусейн дар Ироқ ширкат карданд. Баъдан онҳо тайи шаш сол масъулияти таъмини амният дар бахши аъзами ҷануби Ироқ ва, аз ҷумла, дар шаҳри бандарии Басра, дуввумин шаҳри бузурги кишварро, бар дӯш гирифтанд. Аз оғози амалиёти низомӣ дар Ироқ дар задухурдҳо, бар асари тасодуф ва ё маризӣ 179 афсару сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расиданд.

Ва аммо ҳарчанд ҳузури низомии Лондон дар Ироқ поён ёфтааст, афкори умум дар Бритониё дар робита ба ширкати кишвар дар ҷанги Ироқ дар ду мавқеи оштинопазир қарор дорад. Рӯзи панҷшанбе пажуҳиши ҷамъиятии тасмими ҳукумати Бритониё барои ҳамла ба Ироқ ва талафоти низомӣ дар ин ҷанг шурӯъ шуд.

Мухолифини ҳузури Бритониё дар ҷанги Ироқ солҳо боз барои шурӯъи тафтишот пойфишорӣ мекарданд ва инак як гурӯҳи ҳукуматӣ дар ҳайати панҷ нафар таъсис гардид. Сарвари ин гурӯҳ Ҷон Шилкот рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки натоиҷи тафтишот тавассути телевизион ва интернет пахш хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ки “ин тафтишот додгоҳ нест, ки аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунад ва ҳеҷ кас мавриди бозпурсӣ қарор намегирад ва аммо ман мехоҳам як чизро рушан кунам - ин кумита аз интиқод парҳез нахоҳад кард. Агар мо мушаххас кунем, ки иштибоҳе ва ё мушкилоте мавҷуд буд, ки ҳалли онҳо имкон дошт, мо инро пинҳон нахоҳем кард. Мо талош мекунем, ки тафтишотамон ҳаддалимкон боз бошад, зеро медонем, ки ин яке аз василаҳоест, ки ҷомеъа бояд ба комил будан тафтишот ва мустақилияти раванди тафтишот мутмаин шавад”.

Мухолифини ҷанг дар Ироқ сарвазири пешин Тони Блэрро дар он айбдор мекунанд, ки ӯ бидуни далелҳои мӯътамад Бритониёро ба эътилофи таҳти фармони ИМА ҳамроҳ кард. Онҳо ба вижа ба дақиқ будани иттилои истихборотӣ оид ба талошҳои Саддом Ҳусейн барои дастёбӣ ба силоҳи қатли ом шубҳа мекунанд – зимнан, мавҷудияти ин гуна силоҳ дар Ироқ як далели аслии ҳамла ба ин кишвар маҳсуб мешавад.

Шилкот умедвор аст, ки гузориши гурӯҳи онҳо тайи як сол таҳия хоҳад шуд ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки пажуҳиши қазия то охирҳои соли 2011 идома хоҳад кард.

Тафтиши қазияи ширкати Бритониё дар ҷанги Ироқ дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки Бритониё ҳузури низомии худро дар дигар кишвар - Афғонистон тақвият мебахшад. Ахиран як назарпурсии афкори мардум нишон дод, ки беш аз нисфи бритониёвиҳо ба пирӯзии нерӯҳои кишварашон дар Афғонистон бовар надоранд ва мегӯянд, ки онҳо бояд фавран бозхонда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дигар кишвари узви Эътилофи байнулмилалӣ - Австралия расман эълом дошт, ки низомиёни худро аз Ироқ берун мекашад. Айни ҳол дар Ироқ тақрибан 130 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд, ки қарор аст то охири соли 2011 аз ин кишвар хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG