Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Вазорати адлия аз созмонҳои масеҳӣ


«Ора Интернешнл» як созмони ғайридавлатии амрикоист, ки дар 145 кишвари дунё намояндагиҳои худро дорад

«Ора Интернешнл» як созмони ғайридавлатии амрикоист, ки дар 145 кишвари дунё намояндагиҳои худро дорад

Вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи 3 созмони байнулмилалӣ, ки ба таблиғи дини масеҳӣ машғул будаанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Давлат Сулаймонов, раиси идораи танзими созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, ки созмонҳои «Адра Интернешнл», «Star» ва «Каритас», ки аз соли 1994 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъоланд, дар канори фаъолиятҳои башардӯстона ба ҷалби кӯдакони мусулмон ба ойини масеҳӣ низ машғул мешудаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазифаи ойиномавии ин созмонҳо ёрӣ ба фарзандони хонаводаҳои фақир будааст.

Мурофиаи додгоҳии ин созмонҳо, ки дар додгоҳҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Аз ҷумла, мурофиаи додгоҳии созмони «Адра Интернешнл», ки бояд рӯзи ҷумъа дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баргузор мешуд, ба рӯзи душанбе мавқуф гузошта шуд. Маъруф Нуриддинов додгустари додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, дар чарайони додгохи аз номи «Ора Интернешнл» вакили мудофеи ин созмон хузур хохад дошт.

Курбоналӣ Бобоев, як масъули идораи танзими фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлия, ки дар бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ интизори ба мурофиа омадани вакили мудофеи созмони «Адра Интернешнл» буд, гуфт, аксари намояндагони ин созмон баъди шикояти вазорати адлия ба додгоҳ аз Тоҷикистон берун рафтаанд.

Дар бинои бошукӯҳи сеошёнаи калисои Адвентистхои Рӯзи Ҳафтум поп Эдвард Дилёв, ки худро ҳамкори созмони «Адра Интернешнл» муаррифӣ кард, иттиҳомоти вазорати адлияро дар қиболи созмони мазкур рад кард. Вай бо ишора ба синфҳонаи компютерӣ, воқеъ дар ошёнаи якуми ҳамин калисо гуфт, дуруст аст, ки созмони «Адра Интернешнл» кӯдакони хонаводаҳои нодорро барои омӯзиш ба компютеру забони англисӣ ҷалб кардааст, аммо дар ин дарсҳо ҳеҷ гуна тарғиботи масеҳй намешуд.

Вай гуфт, мақомоти зиддахли Тоҷикистон ҳарчанд бинои ин ибодатгоҳро мавриди кофтукоб қарор доданд, аммо барои даъвои худ ҳеҷ гуна асоси воқеӣ наёфтаанд.

Вай афзуд, «барои таълими кӯдакон аз Амрико муаллим даъват шуда буд. Аммо у тамоман ягон чизи динӣ таълим намедод. Онҳо инҷо омаданд, ин хонаро мушоҳида карданд, ки дар рӯзҳои шанбе холӣ мешуд ва дар он дарсҳо забони англисию компютер сурат мегирифт, аммо касе надидааст, ки дар он ҷо касе, ба кӯдакон таълимоти динӣ дода бошад.»

Коршиносон мегӯянд, ки созмони «Адра Интернешнл» як созмони ғайридавлатии амрикоист, ки дар 145 кишвари дунё намояндагиҳои худро дорад, ва қонуншиканӣ аз ҷониби ин созмон дар аксари ин кишварҳо мушоҳида нашудааст.

Ба эътиқоди таҳлилгарон, ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба истилоҳ «маъракаи бастани созмонҳои миссионериро» оғоз кардааст. Ахиран бо шикояти вазорати адлия фаъолияти созмони олмонии «Алянс Мишен», ки ба тарғиби мазҳаби христианӣ муттаҳам мешуд, бо ҳукми додгоҳ мутавақиф шудааст.

Дар як соли ахир вазорати адлия созмонҳои хайрияи «Дасти мадад» «Ҳаёти ҷавон», «Адра Интернешнл» ва чанд созмони дигарро низ барои таблиғоти мазҳабӣ ва таъсиси ғайриқонунии бахшҳои он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон муттаҳам карда буд.

Паём Фурӯғӣ, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо, гуфт, рӯшан нест, ки ин созмонҳо ҷои кӯмак ба мардуми бечора, ба таблиғоти дину мазҳаби худ пардохта бошанд. Аммо ӯ гуфт, тибқи бархе муоҳидаҳои байнулмилалӣ, давлати Тоҷикистон ҳақ надорад, фаъолияти созмонҳои мисионериро мутаваққиф созад, чун Тоҷикистон ба зери онҳо имзо гузоштааст.

Паём Фурӯғӣ чунин муносибати давлат бо созмонҳои ҷамъиятии хориҷиро хилофи озодиҳои башарии мардум арзёбӣ кард. Вай гуфт, давлат набояд озодии эътиқодро барои шаҳрвандонаш маҳдуд кунад ва пайравӣ аз дину мазоҳиб ҳақи ҳар инсони соҳибихтиёр аст ва бояд он маҷбурӣ набошад.

Ҳамин тавр интизор меравад, баҳси додгоҳии «Адра Интернатионал» дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт оғоз шавад. Вазорати адлия мегӯяд, агар айбномаи онҳо алайҳи ин созмон собит шавад, фаъролияти «Адра Интернешнл» дар Тоҷикистон боздошта хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG