Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти СПАД бо таъхири президентҳо оғоз шуд


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар фурӯдгоҳи Бишкек

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар фурӯдгоҳи Бишкек

Ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қирғизистон аз ҳама охир президенти Тоҷикистон ҳозир шуд.

Ба гуфтаи коршиносон ҷои шубҳа нест, ки оқои Раҳмон ба далели он, ки раисони ҷумҳурии Покистон, Афғонистон ва Русияро пазироӣ кард ва бо иштироки президенти Русия Дмитрий Меведев нерӯгоҳи «Сангтуда-1»-ро ифтитоҳ намуд, сари вақт ба соҳили дарёи Иссиқкӯл ҳозир шуда натавонист.

Ифтитоҳи нишасти ғайрирасмии сарони кишвар, ки ба соати чоруними баъд аз зӯҳри рӯзи 31 июл дар соҳили дарёи Иссиқкӯл муқаррар шуда буд, то наздики соати ҳафти бегоҳ баргузор нашуд.

Ба гуфтаи Рита Нурмамбет, хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки ин нишастро дар соҳили Иссиқкӯл пайгирӣ мекард, вай ва хабарнигорони зиёд соатҳо баргузор шудани нишасти сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъиро интизорӣ кашиданд.

Вай афзуд, ки шояд раисони ҳафт кишвар бехабар аз он ки интизориҳои зиёд кайҳост, ки ба иззати нафси хабарнигорон ва иштирокчиёни дигари ин нишаст расидааст, байни ҳам гуфтугузорҳоро идома медоданд.

Аммо манзараи дигаре, ки қобили таваҷҷӯҳ аст, пиёда шудани чораҳои амниятӣ аз тарафи кормандони хадамоти ҳуқуқ ва тартибот аст, ки гуфта мешавад, боиси нороҳатиҳои зиёди истироҳаткунандагон гашт. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳам шаҳрвандони оддӣ ва ҳам онҳое, ки ба хотири истироҳат ба соҳили дарёи иссиқкӯл омада буданд, бар асари эҷоди баъзе мавонеъ натавонистанд, ба манзили худ бирасанд ва ё дар ҷои дилхоҳи кӯл оббозӣ кунанд.

Бино ба иттилоҳои расида, бархе аз истироҳаткунандагон ҳатто натавонистаанд, ки заврақсаворӣ кунанд. Гурӯҳи дигар ба далели ин маҳдудиятҳои сунъӣ аз имкониятҳое истифода набурдаанд, ки соле як маротиба дар ивази пули пасандоз кардаашон фақат барои чанд рӯз ба Иссиқкӯл меоянд.

Дар ҳоле, ки ифтитоҳи боз як пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қирғизистон мавриди гуфтугузорҳои зиёд гаштааст ва дар ин маврид Қирғизистон ва Русия ба тавофуқ низ расидаанд, вале Николай Бордюжа, дабири кули ПАД, гуфтааст, ки ин масъала дар нишасти мазбур баррасӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки ёвари президенти Русия ҷаноби Приходко таъкид кардааст, ин масъала ҳатман дар ин нишаст мавриди баҳси тарафҳо қарор хоҳад гирифт.

Аммо Бақит Бешимов, депутати порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сосиал-демократ мегӯяд, ки дар мавриди ифтитоҳи ин пойгоҳи низомӣ ҷониби Узбакистон розӣ нест.

Ба гуфтаи Бақит Бешимов дар мавриди ифтитоҳи ин пойгоҳ ғайр аз Қирғизистону Русия кишварҳои дигари узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ бояд вокуниши мусбат нишон диҳанд. Вай афзуд, ки Белорус низ ҳанӯз ба Қирғизистону русия ҳамраъйӣ изҳор накардааст.

Аммо Эдил Байсалов, як коршиноси қирғиз, ки дар Аврупо дар муҳоҷират ба сар мебарад, мегӯяд, ки бо ифтитоҳи як пойгоҳи нав ба Қирғизистон сармояҳои зиёд ворид хоҳанд шуд, ки вазъи артиши кишварашро беҳбуд хоҳад бахшид.

Коршиноси масоили сиёсӣ Улҷабой Қаратаев мӯътақид аст, ки ташаннуҷи авзоъ дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистонро муваззаф кардааст, ки дар ифтитоҳи ин пойгоҳи низомӣ мусоидат намояд. Вай афзуд, ин дар ҳолест, ки аз ифтитоҳи ин пойгоҳ пеш аз ҳама Русия ва Қирғизистон манфиатдоранд.

Интизор меравад, ки дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки боз як рӯзи дигар дар соҳили Иссиқкӯл ба кори худ идома хоҳад дод, масъалаҳои марбут ба амнияти Осиёи Марказӣ ба доираи баҳсу баррасӣ кашида мешаванд.

Аммо бояд тазаккур дод, ки мақоми ин нишаст ғайрирасмист, бо вуҷуди ин соҳибназарон аз эҳтимол холӣ намедонанд, ки сарони ҳафт кишвари узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои амниятии минтақаро низ васеъ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG