Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи байналмилалии муштзанӣ дар Хуҷанд


Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, ки дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд тӯли панҷ рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Мирзо Шамсиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 29-ум баргузор шуд, 111 нафар муштзанҳои ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ 7 варзишгари Тоҷикистон - Алиҷон Набиҷонов (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вазни то 51 кг), Анвар Юнусов (Душанбе, то 54 кг), Умархон Атоев (Хуҷанд, то 57 кг), Билолиддин Аҳадов (Душанбе, то 75 кг), Диловар Абдураҳмонов (Душанбе, то 81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (Хуҷанд, то 91 кг) ва Далер Шарифов (Хуҷанд, +91 кг) ба дарёфти медалҳои тилло мушарраф шуданд.

Инчунин ду варзишгари Қазоқистон - Аслонбек Алибеков (то 64 кг) ва Элдар Абдувалимов (то 69 кг), намояндаи Қирғизистон Мирбек Шеров (то 48 кг) ва муштзани Узбакистон Фазлиддин Ғоибназаров (то 60 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ба иттилоъи Мирзо Шамсиев, мураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, аз 29-уми август то 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Милани Итолиё мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон баргузор мешавад. Вай афзуд, ба ин сабқати ҷаҳонӣ ба ғайр аз муштзанҳои моҳиру пуртаҷриба Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, инчунин, варзишгарони ҷавону умедбахш Ораз Авзалшоев (Хоруғ, то 51 кг), Баҳодур Каримов (Душанбе, то 60 кг) ва Бахтовар Тошмуродов (Қӯрғонтеппа, то 64 кг) омодагӣ мебинанд.
XS
SM
MD
LG