Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ИМА аз парокандасозии маросими ёдбуд


Мақомоти ИМА аз парокандасозии маросими ёдбуди қурбониёни намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон изҳори нигаронӣ карданд. Намояндаи департаменти давлатии ИМА Иэн Келлӣ имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, ки “мо ҷонибдори мардуми Эронем, ки барои барои ҳуқуқҳои умумии изҳори ақида ва ҷамъомадҳои осоишта талош мекунанд”.
Рӯзи панҷшанбе полиси Теҳрон маросими ёдбуди қурбониёни намоишҳои эътирозии моҳи июн дар оромгоҳи Биҳишти Заҳрои канори Теҳронро пароканда кард. Ҳангоми ҳамла ба афроде, ки дар назди гӯри хонум Нидо Оғосултон ҷамъ омада буданд, полис аз гази ашковар истифода бурд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, чандин нафар боздошт шудаанд ва раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ зери фишори кормандони полис ин оромгоҳ тарк намуд. Дирӯз аз ҳалокати даҳ қурбонии аввали намоишҳои эътирозӣ чиҳил рӯз сипарӣ шуд. Пароканда кардани маросим боиси эътирози садҳо нафаре гардид, ки барои поси хотири қурбониён ба оромгоҳ омада буданд.
XS
SM
MD
LG