Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Бритониё қаламрави Ироқро тарк мекунанд


Имрӯз ҳузури шашсолаи нерӯҳои бритониёвӣ дар Ироқ поён меёбад. Тибқи созиш миёни Лондон ва Бағдод, 31 июл охирин сарбозони бритониёвӣ аз хоки Ироқ берун мешаванд. Тайи ин солҳо қисмати аъзами нерӯҳои бритониёвӣ дар шаҳри Басра, воқеъ дар ҷануби Ироқ, мустақар буданд. Соли 2003, замони задухурдҳои шадид дар Ироқ, дар ин кишвар 46 ҳазор афсару сарбоз аз Бритониё ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG