Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор ҳомии ҳуқуқи башар дар Бишкек


Кормандони милисаи Бишкек чаҳор зани ҳомии ҳуқуқи башарро боздошт карданд, ки худро дар панҷараҳои канори Хонаи ҳукумати Қирғизистон занҷирбанд карда буданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, занҳо ба ин васила алайҳи боздошти афроди норозӣ бо натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эътироз мекарданд.23 июл – рӯзи раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар шаҳри Балиқчӣ тақрибан 20 тан аз ҷонибдорони мухолифин дастгир шуда буданд.
Рӯзи панҷшанбе Додситонии кулли Қирғизистон баргузории ҳама гуна намоишҳои эътирозӣ дар давраи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро манъ кард. Ин нишаст имрӯз ва фардо дар шаҳри Чолпонота, дар канори Иссиқкӯл, идома мекунад.
XS
SM
MD
LG