Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Толибон аз "сипари зинда" истифода мекунанд


Толибони Афғонистон фаъолияти худро дар маҳаллаҳои аҳолинишин густариш додаанд. Ба иттилоъи ҳайати хайрияи СММ дар умури Афғонистон, аз оғози сол то моҳи июл дар ин кишвар беш аз ҳазор сокини осоишта кушта шудаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дар сад бештар аст. Дар 59 дар сади ҳаводис масъулияти ҳалокати мардум бар дӯши толибон аст ва тақрибан 30 дар сад - бар дӯши низомиёни Эътилофи байнулмилалӣ.
Дар гузориши ахири ҳайати хайрияи СММ дар умури Афғонистон гуфта шудааст, ки ҷангҷӯён тактикаи худро дигар карда, акнун ба низомиёни хориҷӣ камтар ҳамла мекунанд. Моҳҳои ахир онҳо ҳарчӣ бештар дар маҳаллаҳои аҳолинишин панаҳ мебаранд ва аз мардум чун сипари зинда истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG