Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косахонаи сари Гонгадзе пайдо шуд


Додситонии кулли Украина ҳама пораҳои косахонаи сари хабарнигор Георгий Гонгадзеро, ки нӯҳ сол пеш ба қатл расида буд, пайдо кард. Намояндаи додситонӣ Юрий Бойченко хабар дод, ки пораҳои ошкоршуда ба маводи муҳаққиқон ҳамроҳ карда шуданд ва таҳқиқи онҳо шурӯъ шудааст. Ҳама пораҳо дар мавзеъе пайдо шуданд, ки генерали милиса Алексей Пукач нишон додааст – собиқ корманди воломақоми вазорати умури дохилаи Украина дар куштори хабарнигор Гонгадзе муттаҳам мешавад. Генерал Пукач чанд сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва чанд рӯз қабл дар вилояти Житомир боздошт шуд.
Хабарнигор Георгий Гонгадзе рӯзи 16 сентябри соли 2000 аз Киев ғайб зад ва ҷасади бесари ӯ баъд аз тақрибан ду моҳ дар ҷангалзор пайдо шуд. Фармоишгарони куштор то ҳол мушаххас нашудаанд.
XS
SM
MD
LG