Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишкадаи варзиш ба номи С. Раҳимов номгузорӣ шуд


Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов
Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов

Ахиран бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ шуд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Саидмӯъмин Раҳимов яке аз нахустин шогирдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба шумор мерафт. То имрӯз дар риштаи гуштии самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 кило ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шуда буд. Саидмӯъмин, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Вай дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гашта, ҳамчун мураббӣ дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда карда буд. Ба номи ӯ номгузорӣ шудани Донишкадаи варзиши Тоҷикистон арзи эҳтиром ба дастовардҳои бузург ва хизматҳои арзандааш дар соҳаи варзиш мебошад».

Саидмӯъмин Раҳимов аз соли 1995 то соли 2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.

Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов бар асари сактаи дил 13-уми феврали соли ҷорӣ дар синни 63-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшида буд.
XS
SM
MD
LG