Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони русӣ - охирин фишанги Русия


Коршиносон мегӯянд, Русия бо нигоҳ доштани мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон мехоҳад, нуфузи хешро дар ин кишвар ҳифз кунад.

Эдуард Полетаев, сардабири маҷаллаи қазоқистонии «Мир Евразии», мегӯяд, Русия дигар воситаҳои таъсиррасонии хешро ба кишварҳои собиқ шӯравӣ кайҳо аз даст додааст ва забон яке аз омилҳои охиринест, ки бо он мехоҳад мавқеи аз даст додаашро нигоҳ дорад.

Оқои Полетаев меафзояд, «забон ва фарҳанги русӣ дар амал яке аз унсурҳои хеле камшумори нуфузи Русия баъди пошхурии шӯравии собиқ боқӣ мондааст. Бисёр фишангҳои сиёсӣ солҳост аз кор мондаанд ва кишварҳои ИДМ мехоҳанд, ки на танҳо бо Русия, балки бо дигар кишварҳои дури хориҷӣ, мисли Чин, кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дӯстӣ кунанд. Фишангҳои иқтисодӣ низ аз даст рафтаанд, зеро Русия дар ҳоли душвор қарор дорад ва чун кишварҳои пешрафтаи Ғарб барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷолиб нест».

Ба гуфтаи ӯ, аз ин хотир маҳдудаи фарҳанг ва забон имкон медиҳад, ки Русия ба андозае ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир расонад.

Фишангҳои иқтисодӣ аз даст рафтаанд, зеро Русия худ дар ҳоли душвори иқтисодӣ қарор дорад ва ба мисли кишварҳои пешрафтаи Ғарб барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ҷолиб нест ...
Ба андешаи Эдуард Полетаев, гоми Тоҷикистон дар масъалаи лағви мақоми забони русиро чун забони муоширати байни миллатҳо набояд чун амали маҳдудсозии забони русӣ арзёбӣ намуд, зеро ин пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи забони тоҷикӣ ба миён гузоштааст ва ҳадаф аз он рушди забони давлатӣ буд, на маҳудсозии мақоми забони русӣ. Вале ба таъкиди коршинос, ин кӯшиши Тоҷикистонро дар Русия ба таври баръакс фаҳмиданд.

Солеҳ Яҳёзода, рӯзноманигори тоҷики самарқандӣ, чунин мавқеъгирии ҷомеаи Русия ва сарвари онро чун дахолат ба корҳои дохилии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Зеро, ба гуфтаи вай, дар Ӯзбакистон, ки аҳолии русзабонаш беш аз се дарсад аст, ҳамоно баъди касби истиқлолият забони ӯзбакӣ забони давлатӣ эълон шуда буд ва дар он ҷо ҳарфе дар бораи забони муоширати байни миллатҳо нест. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон русзабонҳо ҳатто як дарсади аҳолиро ташкил намекунанд.

Сиёсатшиноси қазоқ Дос Кошим бошад бо такя ба фармудаҳои Андрей Сахаров таъкид мекунад, ки умуман худи чунин мафҳум, яъне забони муоширати байни миллатҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст ва ин гоми Тоҷикистон барои лағви он комилан амали дуруст аст.

Оқои Кошим изҳор мекунад, ки «тарҳи нави қонун, ки дар он истилоҳи забони муоширати байни миллатҳоро бардоштаанд, дуруст аст. Зеро тибқи ҳуқуқи инсон забони муоширати байни миллатҳо бо қонун танзим намешавад ва ду нафар бо забони хостаи хеш ҳаққи сӯҳбат карданро доранд, хоҳ он забони англисӣ бошад, хоҳ тоҷикӣ ва ё забони дигар».

Вай мегӯяд, чун Тоҷикистон кишвари мустақил шуд, қонунист, ки забони тоҷикӣ дар ҳама бахшҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ бояд истифода гардад. Вале, ба таъкиди сиёсатшинос, баъди касби истиқлолият баъзе кишварҳои ИДМ ба ҷузъ забони давлатӣ забони расмӣ ва забони муоширати байни миллатҳоро низ истифода карданд, то якбора мардуми русзабонро дучори мушкилоти сангин накунанд.

Аз ин хотир ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қазоқистон анқариб 20 сол мӯҳлат доданд, ки аҳолии кишварҳояшон забони давлатиро биёмӯзанд ва алҳол ҳеч зарурате нест, ки забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо боқӣ монад. Ин вазифаро бояд забони давлатӣ иҷро намояд.

Аз ин хотир, ба таъкиди Дос Кошим, тасмими Раҳмон дар мавриди лағви салоҳияти забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон амали дуруст аст. Казоқистон низ, ба гуфтаи сиёсатшинос, шурӯъ аз соли 201 0 дар ҳама бахшҳо ба коргузорӣ ба забони давлатӣ, яъне забони қазоқӣ мегузарад.

Аз сӯи дигар сиёсатшинос Андрей Полетаев бар ин аст, ки барои мавқеъ пайдо кардани забони русӣ ҳеч талоше зарур нест. Зеро ин забон барои мардуми собиқ шӯравӣ, ба вижа садҳо ҳазор муҳоҷирон, ки дар Русия кор мекунанд, ин забон зарур аст. Бар илова Русия, ба андешаи сиёсатшинос, бояд дар масъалаи мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон хотирҷамъ бошад. Зеро дар ин кишвар ҳамоно таъсири ин забон боқист.

Оқои Полетаев изҳор мекунад, ки вай борҳо ба Тоҷикистон сафар карда дидааст, ки ҳатто дар он шаҳрҳое, ки аҳолиаш комилан тоҷиканд, мисли Хуҷанду Исфара бисёр шиору лавҳаҳои тарғиботӣ ба забони русианд. Аз ин хотир дар Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз забони русӣ ҳеч зарурате нест ва он худ дар он ҷо фаъол аст. Масъала дар ин аст, ки бояд забони тоҷикиро пуштибонӣ намуд.

Аз сӯи дигар, бо мурури замон забони русӣ дар кишварҳои минтақа мавқеи қаблии хешро аз даст дода истодааст. Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, агар он барои муҳоҷирони дар Русия буда зарур бошад, алъон ин забон чунин аҳамияти хешро дар Қазоқистон дар ҳоли аз даст додан аст. Зеро дар ин кишвар таваҷҷӯҳ ба забони давлатӣ бештар мегардад ва аз муҳоҷирон талаб мекунанд, ки забони давлатиро биёмӯзанд.

Дар ин робита Лочин Муҳаммадҷонов, як тан аз муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, «мо дар бозор савдо мекунем ва бо мардуми қазоқ кӯшиш мекунем, ки қадри омӯхтаамон ба қазоқӣ сӯҳбат кунем. Пештар ин тавр набуд ва ҳама бо русӣ ҳарф мезаданд».

Аз ин хотир, ба таъкиди ағлаби ҳамсӯҳбатони мо, дар Тоҷикистон низ бояд тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҳама бахшҳо чун забони давлатӣ мавриди истифода қарор бигирад ва он амалан забони муоширати байни миллатҳо низ бошад. Забони русиро ҳар касе бихоҳад ва ба он ниёз дошта бошад, худ меомӯзад.
XS
SM
MD
LG