Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди бозори "Корвон"


Инфиҷори дигаре шоми панҷшанбе пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти интизомии Душанбе мегӯянд, бар асари инфиҷори мошин подполковник Довудов - муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, ҷароҳати вазнин бардошта ва ба беморхонаи марказии Қарияи Боло оварда шудааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки тафтиш барои муайян кардани сабабҳои инфиҷор дар ҷойи ҳодиса идома дорад. Ин севвумин инфиҷор дар як ҳафтаи ахир дар Душанбе аст. Қаблан дар назди меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва маҳаллаи наздик ба фурудгоҳи Душанбе низ инфиҷор рух дода буд, ки қурбоние дар пай надошт.
XS
SM
MD
LG