Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усули нави маҳви ҷангҷӯёни Толиб


Низомиёни Амрико қасд доранд, барои маҳви ҷангҷӯёни Толиб аз ҳавопаймоҳои бештари бидуни сарнишин кор бигиранд. Рӯзномаи мӯътабари "Лос Анҷелес Таймс" гузориш додааст, низомиёни Иёлоти Муттаҳида, ки то ҳол аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои нобуд кардани раҳбарони Ал-Қоида истифода мекарданд, аз ин баъд таваҷҷӯҳи бештарро барои маҳви ҷангҷӯёни Толиб равона хоҳанд кард. Мақомоти вазорати дифоъи Амрико гуфтаанд, ҳарчанд маҳви шабакаи Ал-қоида ҳамчунон ҳадафи аслии Амрикост, вале ҳоло ба эътиқоди мақомот, роҳи беҳтарини расидан ба ин ҳадаф, таъмини амният дар Афғонистон ва Покистони ҳамсояи он аст.
XS
SM
MD
LG