Пайвандҳои дастрасӣ

Сенздаҳ миллион исқоти ҳамл дар Чин


Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин солона 13 миллион нафар зан исқоти ҳамл мекунанд, ки ба гуфтаи коршиносон,аксарияташон занони танҳое ҳастанд, ки аз васоили ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ хабар надоранд. Рӯзномаи "Чайна Дейлӣ" навиштааст, мавориди исқоти ҳамл дар Чин эҳтимолан аз 13 миллион нафар ҳам бештар аст, зеро на ҳама ин амалро дар бемористонҳо анҷом медиҳанд. Ба навиштаи рӯзнома, солона дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 10 миллион доруи исқоти ҳамл фурӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG