Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, дар мавриди истиқрори нерӯҳои зудамали Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҷануби Қирғизистон созиш ҳосил шудааст.

Ёвари раиси ҷумҳури Русия Сергей Приходко ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки ин нерӯҳо дар як пойгоҳ дар шаҳри Бодканд мустақар хоҳанд шуд.
Маскав метавонад ба ҳампаймонҳои тоҷикаш гузаштҳои дигар кунад ва ҳамзамон онҳоро барои, бигирем, коҳиш додани сарбанди нерӯгоҳи Роғун мутмаин созад...

Мансабдори воломақоми Кремл афзудааст, ки ин мавзӯъ охири ҳафта дар нишасти ғайрирасмии СПАД дар шаҳри Чолпоотаи Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон эълом дошт, ки дар нишасти Чолпон Ота сарони ҳама кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳанд кард.

Ҳамзамон идораи сиёсати берунаи Қирғизистон хабари ҷойгиршавии нерӯҳои зудамали СПАД дар ҷануби кишварро тайид ваё рад накардааст.

Хабаргузории Интерфакс низ аз қавли Сергей Приходко гуфтааст, ки Русия дар робита ба ин мавзӯъи пойгоҳ ба гуфташунид омода аст ва интизор меравад, ки ба зудӣ СПАД дар ин бора қарор қабул кунад.

Тасмим дар бораи таъсиси нерӯҳои зудамали СПАД дар нишасти Маскав гирифта шуд ва аммо чун он нишаст дар авҷи моҷарои миёни Минск ва Маскав оид ба содироту воридоти маҳсулоти ширӣ баргузор шуд, раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко аз ширкат дар он сарпечӣ карда буд.

Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо изҳори умедворӣ кардааст, ки дар нишасти Чолпон Ота Минск зери ин созиш имзо хоҳад гузошт. Ва аммо суоли матруҳа ин аст, ки вокуниши Тошканд ба таъсиси пойгоҳи нав дар марзҳояш чӣ гуна хоҳад буд?

Сомонаи интернетии "Узметроном", бо такя ба манобеъи мӯътамад дар Тошканд, хабар додааст, ки Ислом Каримов дар саммити Чолпон Ота ба мустақаршавии пойгоҳи низомии СПАД дар Бодканд мухолифат хоҳад кард.

Зимнан, Узбакистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав аз имзогузорӣ зери созиши таъсиси нерӯҳои зудамал худдорӣ карда буд.

Баъдан Тошканд ба Бишкек низ ишораҳои ошкору пардапӯш карда буд, ки мустақаршавии пойгоҳи нави хориҷӣ дар марзҳояшро таҳаммул нахоҳад кард.

Санавбар Шерматова, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, қаблан Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон эълом дошт, ки дар ҷануби кишвар на пойгоҳи низомии Русия, балки тамрингоҳи нерӯҳои Русияву Қирғизистон бунёд мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Русия барои ҳалли ин қазия чанд роҳу васила дорад, ва яке аз онҳо нодида гирифтани мавқеъи Тошканд аст. Ва аммо ин нодидагирӣ метавонад равобити миёни Тошканду Маскавро, ки солҳои ахир ба душворӣ аз бунбаст берун шуданд, дубора сард гардонад.

Санавбар Шерматова мегӯяд, ки сардии равобит бо Тошканд ба манфиати Маскав нест ва аз ин рӯ мақомоти Маскав шояд аз роҳи дигар кор бигиранд, аз роҳи мойил сохтани Узбакистон тавассути гузашт дар дигар масоили муҳим:

Хонум Шерматова меафзояд, “яке аз аз роҳҳо ин ба инобат гирифтани мавқеъи Узбакистон ҳангоми бунёди неругоҳи Роғун маҳсуб мешавад. Чун ин басо мавзӯъи ҷиддӣ аст ва Узбакистонро нигарон нигаҳ медорад, Маскав метавонад ба ҳампаймонҳои тоҷикаш гузаштҳои дигар кунад ва ҳамзамон онҳоро барои, бигирем, коҳиш додани сарбанди нерӯгоҳи Роғун мутмаин созад. Ва ин маънои онро хоҳад дошт, ки мавқеъи Тошканд ба инобат гирифта мешавад ва ин мақомоти Узбакистонро шояд барои розӣ шудан ба бунёди пойгоҳи низомӣ дар марзҳояш мойил созад”.

Санавбар Шерматова мегӯяд, дар кулбори Маскав дигар пешниҳодҳо низ ҳастанд ва аммо муҳимтар аз ҳама маҳорати дипломатии Русия аст, ки оё метавонад ин мавзӯъро бо ризояти ҳама ҷонибҳо ҳаллу фасл кунад ва бо бунёди пойгоҳи нав ҳузури худ дар минтақаро тақвият бубахшад.

Ин ба зудӣ, аниқтараш баъд аз анҷоми нишасти Чолпонота рушан хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ба нерӯҳои зудамали СПАД панҷ баталёни Русия, дубаталёнӣ аз Тоҷикистону Қазоқистон, як баталён аз Қирғизистон ва ҳамчунин пойгоҳи низомии мустақар дар Кант шомиланд.
XS
SM
MD
LG