Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Интихоботи парлумонӣ дар Молдова демократӣ буд


Интихоботи парлумонии Молдова демократӣ сурат гирифт ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ буд. Ин арзёбии худ аз интихоботро нозирони Созмони амният ва ҳамкори Аврупо ва Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд.
Комиссиюни марказии интихоботии Молдова эълом дошт, ки натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ фардо, рӯзи ҷумъа, эълон хоҳад шуд. Ба иттилоъи ин ниҳод, баъд аз баршумурдани беш аз 98 дар сади баргаҳои раъй маълум гардид, ки вакилони Ҳизби комунист 48 курсии парлумони дорои 101 ҷойро ишғол хоҳанд кард. 53 мандати боқимонда насиби чаҳор ҳизби мухолифи ҳукумат хоҳад шуд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, аҳзоби мухолиф аллакай дар бораи ташкили эътилофи ҳукмрон созиш ҳосил кардаанд.
XS
SM
MD
LG