Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо тасдиқи аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба вируси H1N1, мардуми зиёде ба дорухонаҳо рафта, ниқобу даво харидорӣ мекунанд.

Дар айни замон аксари сокинони манотиқи дурдасти ин кишвар ва мамолики дигари Осиёи Марказӣ дар бораи ин бемории одамкуш аслан хабаре надоранд.
Бо амри мири шаҳр гурӯҳи хоси корӣ назорати сирояти ҳар гуна бемориҳоро бар дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳро муовини мири шаҳр сарварӣ мекунад...

Дар давоми як ҳафтаи ахир дар Қазоқистон ҳадди ақалл 14 нафар ба эҳтимоли гирифтории зукоми хук бистарӣ шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯёни қазоқ мебошанд, ки дар замони таътили тобистона аз кишварҳои аврупоӣ ба ватан баргаштаанд.

Аввалин ҳодисаи эътирофи мавҷудияти зукоми хук дар Осиёи Марказӣ аст. Ин хабар сокинони шаҳрҳои Алмаатову Остонаи Қазоқистонро нигарон амудааст.

Мардум аз харидани гӯшти хук худдорӣ мекунанд, зеро ба фикри онҳо беморӣ ба воситаи истеъмоли гӯшт ҳам сироят карда метавонад.

Ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ки баъзеҳо роҳхатҳояшонро баргардонда, сафарҳояшон ба хориҷи кишварро лағв мекунанд.

Дар ҳамин ҳол ходимони соҳаи беҳдошт борҳо тариқи воситаҳои ахбори умум гуфтаанд, давову дармони зарурӣ дар ихтиёр дошта, ба сирояти зукоми хук муқовимат хоҳанд кард.

Дар мавзеъҳои хос чораҳои ҷилавгирӣ кунанда андешида шудааст ва сокинони Алмаатову Остона саъй доранд ҳатто дар сатҳи кшчаҳояшон аз сирояти зукоми хук пешгирӣ кунанд.

Дар фурудгоҳи Алмато. 30 июли соли 2009.
Дар майдони ҳавоӣ, вокзали роҳи оҳан ва дигар ҷойҳои вуруди мусофирон ба Қазоқистон таҷҳизоти ташхискунандаи зуком насб гардидааст. Баъзе ходимони соҳаи беҳдошт пешниҳод кардаанд, ки зуком таҳдид ба амнияти миллии Қазоқистон арзёбӣ шавад.

Сергей Куприянов сухангӯи ҳукумати шаҳри Алмаато мегӯяд: "Бо амри мири шаҳр гурӯҳи хоси корӣ назорати сирояти ҳар гуна бемориҳоро бар дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳро муовини мири шаҳр сарварӣ мекунад."

Ҳамин гуна мансабдорони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ саъй доранд, аз вуруди вируси зукоми хук ҷилавгирӣ кунанд.
Гурӯҳи махсус дар фурӯдгоҳи Тошканд вазъро зери назорат гирифтаасту ҷиҳози ташхиси гирифторони зуком дар шаҳри Бишкеку Ош низ ба чашм мехӯрад.

Ба ходимони ширкатҳои ҳавоӣ дастур дода шудааст, ки мусофирони шамолхӯрдаро сабти ном кунад. Тоҷикистону Туркманистон ҳам аз ин ҷараён барканор нестанд.

Аммо сокинони деҳоти мамолики Осиёи Марказӣ аксаран дар бораи зукоми хук ҳеҷ иттилое надоранд. Шаҳрванди Тоҷикистон Ислом Одилов мегӯяд, ки дар бораи ин беморӣ чизе нашунидааст:

Вале ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон огаҳии мардум аз таҳдиди зукоми хук эҳсос мешавад. Садриддин ном марде аз шаҳри Хуҷанд гуфт, ки зуком метавонад ҳамроҳ бо ҳазорҳо муҳоҷири тоҷики муқими шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ворид шавад.

Баъди интишори ахбор дар бораи ҳузури зуокми хук дар Осиёи Марказӣ мақомоти Хуҷанд як марказеро барои ҷилавгирӣ аз сирояти зукоми хук танзим намуданд. Дар он ҷо ҳар фарде имкон дорад дар бораи ин бемории ба тозагӣ зуҳур намуда маълумот дарёфт намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG