Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д. Медведев: Русия дар тарҳҳои минтақа ширкат хоҳад кард


Дмитрий Медведев дар поёни нишасти чоргона дар Душанбе гуфт, Русия дар тарҳҳои муҳими минтақа, азҷумла барномаҳои энержӣ, ширкат хоҳад кард.

Мулоқот сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Покистон дар “Кохи Сомон”-и шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат гирифт. Коршиносон ҳануз дар остонаи ин нишаст масъалаҳои амнияти минтақа ва тарҳҳои энержиро аз мавзӯъҳои калидии гуфтушунидҳои сарони чор кишвар дар Душанбе унвон карданд.

Раҳбарони чаҳор кишвар дар поёни нишаст як эъломияи муштарак оиди ҳамкориҳои чорҷонибаро имзо кардаанд.

Дмитрий Медведев ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раисони ҷумҳурии Русия ва Покистон, низ имрӯз мулоқоте пушти дарҳои баста анҷом доданд, ки эҳтимол меравад, мавзуи амният дар ин кишвар дар меҳвари гуфтугӯҳо бошад.

Масоили амнияти минтақа ва ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ҳамчунин мавзӯъҳои калидии мулоқоти раисони ҷумҳури Покистону Тоҷикистону Афғонистон буд, ки якчанд соат қабл баргузор шуд.

Дар ин нишасти сегона ҷонибҳо омодагии худро барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва гурӯҳҳои тундрав дар минтақа баён доштанд ва ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, азҷумла барномаи КАСА-1000, ё хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG