Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳпаймоии мухолифин баргузор нашуд


Пулис аз раҳпаймоии мухолифин ҷилавгирӣ мекунад

Пулис аз раҳпаймоии мухолифин ҷилавгирӣ мекунад

Мухолифони Қурмонбек Боқиев раҳпаймоии эътирозиеро, ки барои 30 июл муқаррар шуда буд, ба таъвиқ гузоштанд.

Бино ба иттилои ситоди Алмосбек Атамбоев, раҳпаймоён мебоист масофаи байни Бишкек то шаҳри Балиқчии вилояти Иссиқкӯлро пиёда тай мекарданд ва ба ин васила алайҳи тақаллубкориҳои комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо эътироз менамуданд.

Аммо рӯзи панҷшанбе раиси Ҳизби сосиал-демократ Алмосбек Атамбоев эълон кард, ки ин раҳпаймоӣ баргузор намегардад. Ба гуфтаи ӯ, пешвоёни оппозитсиюн бидуни ширкати мардуми гирдомада ба шаҳри Балиқчи мераванд ва афродеро, ки аз тарафи кормандони умури интизомӣ ба иттиҳомоти сохта боздошт шудаанд, аз ҳабс озод мекунанд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди ин афрод 13 нафарро ташкил мекунад ва рӯзи интихобот аз тарафи кормандони пулис боздошт шудаанд. Ба таъкиди оқои Атамбоев, пешвоёни мухолифин намехоҳанд, ки иштирокчиёни раҳпаймоӣ мавриди боздошту фишор қарор гиранд ва ба ҷабру зулми кормандони умури интизомӣ мувоҷеҳ шаванд.

Як ҳайати додситонии кулл ва Вазорати дохилии Қирғизистон ба назди эътирозгарон омад ва аз Атамбоев ва тарафдорони ӯ тақозо намуд, ки аз тазоҳуроту раҳпаймоӣ даст кашанд, дар акси ҳол дар муқобили онҳо аз чораҳои шадидтарин кор хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи Сумара Насизу, муовини додситони кулли Қирғизистон, ба далели он, ки дар шаҳри Чулпонотаи Иссиқкӯл сарони кишварҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ гирди ҳам меоянд, аз ин лиҳоз даст ба намоиши эътирозӣ задани тарафдорони Атамбоев тибқи қонун муҷозот хоҳад шуд.

Ба иттилои ситоди Алмосбек Атамбоев, Додгоҳи Қонуни асосӣ муроҷиати Бақит Бешимов, депутати порлумон аз Ҳизби сосиал-демократро дар мавриди ғайриқонунӣ шинохтани натиҷаҳои раъйдиҳии 23 июл напазируфт. Ба гуфтаи додгоҳи Қонуни асосӣ, фақат комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо салоҳияти онро дорад, ки роҷеъ ба интихоботи президентӣ хулосаи ниҳоӣ барорад.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи Қонуни асосӣ натиҷаҳои раъйдиҳии интихоботи президентии 23 июлро эътироф кард. Ба ин тартиб президенти вақти кишвар Қурмонбек Боқиев бо 76,12 дарсади овозҳо пирӯзӣ ба даст овард.
Ба иттилои сухангӯи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, қарор аст маросими савганди Қурмонбек Боқиев 2 август баргузор мегардад.

Аммо 31 июл ва 1 август дар соҳили дарёи Иссиқкӯл Қирғизистон мизбонии нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви паймони амнияти дастаҷамъиро бар дӯш дорад. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ки дар он сарони ҳамаи кишварҳои узви ин паймон ширкат хоҳанд кард.

Нимаи рӯзи панҷшанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вориди Бишкек шуд. Ба гуфтаи мақомот, ҳавопаймои президенти Белорус Владимир Лукашенко низ дар фосилаи чанд соати дигар ба майдони ҳавоии «Манас» фурӯд хоҳад омад.

Мақомоти интизомии Қирғизистон барои дар фазои орому субот баргузор шудани нишасти сарони кишварҳои узви ин паймон чораҳои амниятиро пиёда кардаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон яке аз ин чораҳои амниятӣ аз вуқӯъи ҳодисаҳои ғайримунтазира, аз ҷумла тазоҳуроту раҳпаймоии намояндагони мухолифин, масдуд сохтани масири Бишкек-Иссиқкӯл ва амсоли он аст.
XS
SM
MD
LG