Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Теҳрон маросими ёдбудро пароканда кард


Полиси Теҳрон маросими ёдбуди қурбониёни намоишҳои эътирозии моҳи июнро паооканда кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, чандин нафар боздошт шудаанд ва раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мусавӣ зери фишори кормандони полис ҷойи баргузории маросим - оромгоҳеро, ки он ҷо даҳ қурбонии намоишҳои эътирозӣ хуфтаанд, тарк намуд. Имрӯз аз ҳалокати онҳо чиҳил рӯз мегузарад. Гуфта мешавад, ки ин даҳ нафар дар аввалин рӯзҳои намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ва пирӯз эълон шудани Маҳмуди Аҳмадинажод ҷон бохтаанд.
Аз ин пеш мақомоти Эрон пешниҳоди мухолифин барои баргузории маҳфили ёдбуди афроди дар намоишҳои эътирозӣ ба ҳалокатрасидаро рад карда буданд. Вазорати умури дохилаи Эрон изҳор намуд, ба ягон амали “хилофкорон”, ки “раъйи аксариятро эҳтиром намекунанд”, иҷоза нахоҳад дод. Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Карубӣ мехостанд, ки дар яке аз масҷидҳои Теҳрон бо қироате аз ояҳои Қуръони Шариф аз қурбониён ёд шавад.
XS
SM
MD
LG