Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи интихобот дар Молдова фардо эълон мешавад


Натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ дар Молдова фардо, рӯзи ҷумъа, эълон хоҳад шуд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботи кишвар, баъд аз баршумурдани 98,5 дар сади баргаҳои раъй маълум шуд, ки вакилони Ҳизби комунист 48 курсии парлумони дорои 101 ҷойро ишғол хоҳанд кард. 53 мандати боқимонда насиби чаҳор ҳизби мухолифи ҳукумат хоҳад шуд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, аҳзоби мухолиф аллакай дар бораи ташкили эътилофи ҳукмрон созиш ҳосил кардаанд. Ва аммо онҳо гумон аст ба интихоби раисиҷумҳур дар парлумон муваффақ шаванд, зеро барои интихоби президент 61 раъй зарур аст. Ёдовар мешавем, нарасидани як раъй ба номзади Ҳизби комунист Зинаида Гречаная имкон надод, ки сарвари кишвар интихоб шавад. Баъд аз ду интихоботи ноком раисиҷумҳур Владимир Воронин, тибқи Қонуни асосии Молдова, дар бораи пароканда кардани парлумон ва таъини рӯзи интихоботи нав тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG