Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Додгоҳи Қонуни асосӣ аз пирӯзии Боқиев


Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон дар нишасти имрӯзаи худ натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 23 июлро мутобиқ ба Қонуни асосии кишвар хонд. Дар ин нишаст раиси Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон Дамир Лисовский хабар дод, ки аризаҳои шикоятӣ дар бораи тақаллубу қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ барои бозрасӣ ба мақомоти ҳифзи тартибот фиристода шуданд.
Ба иттилоъи расмӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ сарвари феълии кишвар Қурмонбек Боқиев бо дарёфти 76 дар сади раъйҳо пирӯз шудааст.Аз номзади ягонаи мухолифин Алмосбек Отамбоев 8-у ним дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ҷонибдорӣ кардаанд. Ва аммо аҳзоби мухолиф натоиҷи расмии интихоботро қабул надоранд ва мегӯянд, ки мақомот даст ба тақаллуб задаанд. Нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эълом доштанд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ набуд.
XS
SM
MD
LG