Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" мардумро ба таҳрими интихобот давъат карданд


Ҷунбиши “Толибон” аз афғонҳо даъват кардааст, ки интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 августро таҳрим кунанд. Дар ин бора имрӯз хабаргузории Франс Пресс бо такя ба як изҳороти толибон иттилоъ дод. Хабаргузорӣ менависад, дар матни изҳороти аз тариқи почтаи электронӣ дастрасшуда аз мардуми Афғонистон даъват шудааст, ки дар раъйдиҳӣ ширкат накунанд ва ба ҷойи ин ба ҷиҳод алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ҳамроҳ шаванд. Ва аммо дар изҳороти "Толибон" дар бораи имкони ҳамла ба қитъаҳои интихоботӣ чизе гуфта нашудааст..
Имрӯз аз вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, хабар расид, ки бар асари таркиши майн чаҳор сарбози афғон ба ҳалокат расида ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG