Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолбрук ба торумори ҷангҷӯён дар Свот шубҳа дорад


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Афғонистон ва Покистон, торумор шудани ҷангҷӯён дар водии Свотро зери шубҳа бурд. Ӯ гуфт, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯён шояд пароканда карда шудаанд ва аммо комилан нобудсозии онҳо гумон аст. Ба иттилоъи мақомоти Покистон, дар ҷараёни амалиёти густарда дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар, тақрибан 1800 тан аз мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва ҳампаймонҳои онҳо кушта шудаанд. Ва аммо коршиносони мустақил мегӯянд, ки ҳамагӣ чанд тан аз раҳбарони ин гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шудаанду халос ва ин ба ҷангҷӯён имкон медиҳад, ки нерӯи худро дубора ҷамъ оварданд.
XS
SM
MD
LG