Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар нишасти сегона сиёсати ҳукумати Афғонистон ҷонибдорӣ карданд.

Дар ин нишасти рӯзи 30-уми июл, ки дар бустонсарои Пугуси Варзоб баргузор шуд, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Покистон аз сиёсати ҳукумати имрӯзаи Афғонистон ва раванди сулҳу субот дар ин кишвар пуштибонӣ карданд.

Мавзуи амнияти минтақа аз мавзӯъҳои калидии муолоқоти сеҷонибаи раисони ҷумҳури Покистону Тоҷикистону Афғонистон будааст. Ҳарсе раисиҷумҳур омодагии худро барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва гурӯҳҳои тундрав дар минтақа баён доштаанд.

Мавзуи калидии дигар ҳамкориҳои иқтисодии се кишвар ва татбиқи барномаҳои умдаи минтақавӣ, азҷумла тарҳи роҳи оҳани Панҷи Поён-Шерхон Бандар-Кобул-Пешовар ва барномаи КАСА-1000, ё хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон буд.

Мулоқоти сеҷониба бо имзои як эъломияи муштараки Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон анҷом ёфт.

Қарор аст гуфтугӯи раисони ҷумҳур дар нишасти чоргона, бо ширкати раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки баъд аз зуҳр вориди Тоҷикистон мешавад, идома ёбад.
XS
SM
MD
LG