Пайвандҳои дастрасӣ

Каррубӣ ва Мусавӣ оромгоҳҳои қурбониёнро зиёрат мекунанд


Раҳбарони мухолифини Эрон имрӯз оромгоҳҳои қурбониёни намоишҳои эътирозии моҳи июнро зиёрат мекунанд. Дар ин бора дафтари собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Эрон Маҳдии Каррубӣ хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар ин маросим дигар номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Мирҳусейни Мусавӣ низ ширкат хоҳад кард.
Аз ин пеш мақомоти Эрон пешниҳоди мухолифин барои баргузории маҳфили ёдбуди афроди моҳи гузашта дар бархурд бо полис ба ҳалокатрасидаро рад карданд. Вазорати кишвари Эрон изҳор намуд, ба ягон амали “хилофкорон”, ки “раъйи аксариятро эҳтиром намекунанд”, иҷоза нахоҳад дод. Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ мехостанд, ки дар яке аз масҷидҳои Теҳрон бо қироати ояҳои Қуръони Шариф аз қурбониён ёд шавад.
Имрӯз аз ҳалокати даҳ нафаре, ки дар намоишҳои аввали эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳалокат расиданд, чиҳил рӯз мегузарад.
XS
SM
MD
LG