Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав интизори шарҳи Тоҷикистон аст


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия

Ёвари раисиҷумҳури Русия гуфтааст, ки Маскав аз Тоҷикистон шарҳи маҳдудсозии забони русӣ дар ин кишварро интизор аст.

Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия, дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфтааст, "ҳарчанд мо дар ин масъала нигаронии амиқ надорем, аммо ба ҳар ҳол мо мехоҳем, ки ин масъала шарҳ дода шавад".

Сергей Приходко гуфтааст, ки масъалаи мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳвари гуфтушунидҳои раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хоҳад буд.

Ин нигарониҳои Маскав дар робита ба тарҳи нави Қонуни нави забон дар Тоҷикистон аст, ки дар он забони русӣ дигар чун забони муоширати байни миллатҳо эътироф нашудааст.

Дмитрий Медведев баъди зуҳри имрӯз, 30-уми июл, барои анҷоми як сафари дурӯза вориди Душанбе хоҳад шуд. Тибқи барномаи сафар, имрӯз ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард.

Имрӯз ҳамчунин дидор ва мулоқоти дуҷонибаи Медведев бо Раҳмон дар назар аст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, иқтисоду тиҷорат ва низомиро баррасӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG