Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бархӯрдҳо бо Муҷоҳиддини Халқ


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи дуввум аст, ки дар ӯрдугоҳи як гурӯҳи мухолиф ба давлати Эрон бо аъзои ин гурӯҳ бархӯрд мекунанд. Баъди юриши маъмурони амниятии Ироқ ба урдӯгоҳи Муҷоҳиддини Халқи Эрон дар рӯзи сешанбе дасти кам ҳафт нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Урдӯгоҳи мазкур дар вилояти ноороми Диёлои Ироқ воқеъ аст ва дар он 3 500 нафар ҷангиёни Муҷоҳиддини Халқ ва аъзои хонаводаҳояшон ба сар мебаранд. Ҳукумати Амрико, ки гурӯҳи Муҷоҳиддини Халқро созмони террористӣ хондааст, хостори хештандории нерӯҳои амниятии Ироқ шуд. Давлати Эрон барои юриш ба қароргоҳи Муҷоҳиддини Халқ ба ҳукумати Ироқ ташаккур гуфтааст.
XS
SM
MD
LG