Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурсандии аҳзоби ғарбгарои Молдова


Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи такрории порлумонӣ дар Ҷумҳурии Молдова, аҳзоби ғарбгаро назар ба ҳизби ҳокими Коммунист дар ин кишвар, раъйи бештарро ба даст овардаанд. Бо ҳисоби 65 дар сади оро, чаҳор ҳизби мухолиф 49 дар сади раъйи мардумро азони худ кардаанд. Мақомоти расмӣ интизор доранд, ки бо ҳисоби раъйи мардум дар шаҳри Кишинёв, ки назар ба аҳолии рустоҳо коммунистҳоро кам тарафдорӣ мекунанд, фосилаи ҳизбҳои ғарбгаро аз коммунистҳо бештар хоҳад шуд. Интихоботи такрорӣ дар Молдова баъди он эълом шуд, ки намояндагони порлумон дар ду раъйгирӣ натавонистанд, раиси ҷумҳури нави кишварашонро интихоб намоянд.
XS
SM
MD
LG