Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Боризонӣ дар интихоботи Курдистон


Бар асоси натиҷаҳои расмии интихобот дар Курдистони Ироқ, Масъуд Боризонӣ дигарбора раиси ҷумҳури ин минтақаи нимамухтори Ироқ интихоб шудааст. Вай дар интихобот 70 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ҳамчунин ду ҳизби аслии минтақа, ки бар асоси як феҳрасти ҳизбӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат мекунанд, 57 дар сад ороро аз они худ кардаанд. Пештар аз эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар Курдистон, Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико ба ин минтақа сафар бо Масъуд Боризонӣ мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG