Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Русия аз ду дипломати Украина


Русия дар ҷавоб ба иқдоми Украина аз ду дипломати ин кишвар хостааст, қаламрави Русияро тарк кунанд. Баҳси мазкурро баёнгари танишҳо миёни Русия ва Украина медонанд, ки раиси ҷумҳураш хоҳони ҳамкории наздиктар бо кишварҳои ғарбист. Аввали ҳамин ҳафта Украина аз ду дипломати Русия хост, он кишварро тарк кунанд, зеро Нерӯҳои Баҳрии Русия дар Баҳри Сиёҳ бидуни иҷоза ба бандари Одесса силоҳ ворид карданд. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Украина аз ихроҷи як дипломати Русия даст кашидааст, вале бо вуҷуди ин ҳукумати Маскав иқдоми кишвари ҳамсояаашро “як гоми ошкор ба зидди Русия” медонад. Вазорат гуфт, аз консули Украина дар Санкт Петербург ва як корманди сафорат дар Маскав хостаанд, то хоки Русия тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG