Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабехуни ироқиҳо ба пойгоҳи мухолифони Эрон


Нишасти хабарӣ дар Бағдод дар робита ба ҳамла. 29-уми июли соли 2009.

Нишасти хабарӣ дар Бағдод дар робита ба ҳамла. 29-уми июли соли 2009.

Нерӯҳои амниятии Ироқ ба урдугоҳи Созмони муҷоҳидини халқи Эрон дар шимоли Бағдод шабехун заданд. Наздик ба 400 нафар захмӣ гаштанд

Қариб 3500 узви Созмони муҷоҳидини халқи Эрон ва аҳли хонаводаи онҳо дар урдугоҳи "Ашраф", як ҳавлии дарозрӯяи гирдаш деворгирифта дар вилояти Диёла ба сар мебаранд.
Ҳукумати Ироқ масъулияти амнияти сокинони урдугоҳи "Ашраф"-ро бар дӯш гирифтааст ва ба мо гуфтааст, ягон сокини ин урдугоҳ ба таври иҷборӣ ба кишваре, ки дар он ҷо ҳадафи таҳдид қарор гирифта метавонад, интиқол дода намешавад...

Одатан аз онҳо кам ёд мешуд, зеро пас аз вожгунии режими Саддом Ҳусейн гурӯҳе, ки дар гузашта ба Эрон шабехун мезад, аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, халъи силоҳ шуда, шаш соли охир дар интизории сарнавишти ояндаи худ ба сар мебурд.

Аммо ҳама чиз рӯзи сешанбе саропо иваз шуд.

Нерӯҳои амниятии Ироқ хостанд ба урдугоҳ ворид шаванд, вале ба муқовимат дучор шуданд ва задухӯрде ба амал омад, ки дар натиҷаи он қариб 400 нафар, аз ҷумла 100 афсари амниятии Ироқ захмӣ шуданд.

Полиси Ироқ мегӯяд, 50 сокини урдугоҳро бозошт кардааст ва намояндагони урудгоҳ мегӯянд, аз тири ироқиҳо чаҳор нафар кушта шудаанд. Аммо мақомоти ироқӣ ин хабарҳоро рад кардаанд. Ҳамзамон сабаби даргирӣ низ норӯшан боқӣ мондааст.

Як рӯз пеш аз ҳамла ба урдугоҳ мақомоти ироқӣ гуфтанд, мехоҳанд, бар он назорати комил дошта бошанд ва барои ин як шӯъбаи полисро дар дохили он мустақар хоҳанд кард. Сокинони урдугоҳ аз ин тасмим ба шӯр омаданд, зеро ҳарос доранд, ки ироқиҳо онҳоро боздошт ва ба Эрон истирдод мекунанд.

То ин авохир назорати урдугоҳ ба дасти нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида буд, аммо тибқи созишномаи амниятии байни ду кишвар, ки соли гузашта ба имзо расид, нерӯҳои Амрико аз ин ҷо хориҷ шуданд. Вашингтон Созмони муҷоҳидини халқи Эронро як ниҳоди террористӣ мешуморад, аммо ҳамзамон аз истирдоди аъзои он ба Эрон ҷилавгирӣ мекард.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, хабарҳои ҳамлаи нерӯҳои амниятии Ироқ ба урдугоҳи "Ашраф" барояшон ногаҳонӣ будаанд.

Фармондеҳи аршади Амрико дар Ироқ, Рей Одйерно гуфт, ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида аз нақшаи ин амалиёт огоҳ карда нашудаанд.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Ян Келлӣ дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, "ҳукумати Ироқ масъулияти амнияти сокинони урдугоҳи "Ашраф"-ро бар дӯш гирифтааст ва ба мо гуфтааст, ягон сокини ин урдугоҳ ба таври иҷборӣ ба кишваре, ки дар он ҷо ҳадафи таҳдид қарор гирифта метавонад, интиқол дода намешавад."

Теҳрон аз шабехуни нерӯҳои ироқӣ ба урудгоҳ истиқбол кард ва гуфт, ин урдугоҳ бояд баста шуда, сокинони он ё ба Эрон баргарданд ва ё дар кишвари савум паноҳанда шаванд.

Аммо сокинони урдугоҳи "Ашраф" ба хабаргузориҳо гуфтаанд, полиси зиддишӯриши Ироқ аз урдугоҳ хориҷ шуд, вале боз ҳам сарнавишти ояндаи ин муассиса номаълум боқӣ мемонад. Ва шубҳаҳоеро ба миён меорад, ки мақомоти ироқӣ ба иқдомоти қатъӣ зидди мухолифони Эрон омода нестанд, ҳарчанд хоҳишашро доранд.

Созмони муҷоҳидини халқи Эрон, аз замоне ки дар солҳои 1980-ум бо даъвати Саддом Ҳусейн дар Ироқ муқим гашт, барои ироқиҳо ба андозаи зиёд нохушоянд буд.

Ин гурӯҳ дертар ба Саддом дар саркӯб кардани шӯриши курдҳо ва шиъаҳо ба думболи Ҷанги Халиҷ дар соли 1991 кӯмак кард. Ҳукумати нави Ироқ дар байни хостаҳои Эрон ва Амрико дар мавриди Созмони муҷоҳидин дудила мондааст.

Теҳрон, ки бо аҳзоби шиъаи Ироқ, яъне эътилофи ҳокими ин кишвар равобити наздик дорад, Созмони муҷоҳидинро як гурӯҳи ҷиноӣ медонад ва дар сӯиқасд ба ҷони чандин мақоми аршади Эрон айбдор мекунад.

Аммо замоне ки Иёлоти Муттаҳида масъулияти урдугоҳи "Ашраф"-ро ба ироқиҳо медод, ошкор карда буд, ки истирдоди сокинони он ба Эронро намехоҳад.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Ян Келлӣ, дар робита ба ҳамлаи ахир бори дигар ба ин мавзеъи Вашингтон таъкид кард.
XS
SM
MD
LG