Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар хиёбонҳои сабзпӯши Кишинёв аз ҳаводиси се моҳ пеш қариб осоре нест. Ва аммо мардум мегӯянд, тазоҳуроти он рӯзҳо аз ёд зудуда нашудааст.

Ионна Дороде, як сокини Кишинёв изҳор намуд, ки ӯ аз ҳизби ҳукмрони коммунист пуштибонӣ мекунад ва аммо ҳеҷ гоҳ намехоҳад ҳаводиси он рӯзҳо дубора такрор шаванд: “Ман намехоҳам, ки фарзандони моро ин гуна латукӯб кунанд. Онҳо дар ҳаводиси рӯзи 7 апрел ба зиндон, пушти панҷара андохта шуданд ва бераҳмона латукӯб шуданд."

Баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 5 апрел дар хиёбонҳои Кишинёв бештар ҷавононе ҷамъ омаданд, ки Ҳизби коммунистро дар тақаллуби натиҷаҳои ин маъракаи сиёсӣ айбдор мекарданд.
Дар ин рӯзҳои душворе, ки давлати мо аз сар гузаронд, Русия худро чун дӯсти самимӣ ва наздик нишон дод ва инро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунад...

Онҳо ба бинои порлумон ва қасри раисиҷумҳур ҳамла оварда ва фақат бо мудохилаи нерӯҳои полис аз ин биноҳо берун шуданд. Бар асари бархӯрди тазоҳургарон бо полис як нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, Ҳизби коммунист дар интихобот бо дарёфти 60 дар сади раъйҳо пирӯз шуд ва аммо ошкор гардид, ки ин пирӯзӣ барои интихоби раисиҷумҳури нав дар порлумон кофӣ нест.

Коммунистҳо барои интихоб шудани номзадашон Зинаида Гречаная ба ҳамагӣ як раъй ниёз доштанд ва аммо музокирот бо аҳзоби мухолиф барои соҳиб шудан ба ин, ба истилоҳ “раъйи тилоӣ” ноком монд. Баъд аз ду интихоботи номуваффақ раисиҷумҳур Владимир Воронин маҷбур шуд, ки органи қонунбарорро пароканда ва рӯзи интихоботи нави порлумониро мушаххас кунад.

Дар интихоботи рӯзи 29 июл се ҳизби оппозитсионӣ бо Ҳизби коммунистӣ рақобат мекунанд. Ва аммо гуфта мешавад, ки айни ҳол чашмҳо сӯи боз як нерӯи сиёсии кишвар аст, ки ба он раиси пешини порлумон Мириан Лупу раҳбарӣ мекунад - Ҳизби марказгарои демократӣ аз довталабони пирӯзӣ дар интихобот аст.

Бархе аз коршиносон ҳадс мезаданд, ки ҳадафи аслии Лупу аз тарки Ҳизби комунист -талоши тақсими раъйҳои мухолифин аст. Ва аммо ин ҳадсу гумонҳо баъд аз чанд изҳороти шадидуллаҳни раиси пешини парлумон аз байн рафтанд.

Мириан Лупу дар арафаи интихоботи парлумонӣ изҳор намуд, ки ягона роҳи бурунрафт аз бӯҳрони сиёсии феълӣ таъсиси эътилофи густардаи идорист.

Гуфта мешавад, ки интихоботи порлумонии Молдоваро беш аз 3 ҳазор нозирони хориҷӣ таҳти назорат доранд.

Аксари онҳо мутмаинанд, ки хушунати се соҳи қабл такрор нахоҳад шуд ва аммо мегӯянд, ки пирӯзии Ҳизби комунист танишро дар ҷомеъа бештар хоҳад кард. Аҳзоби мухолиф Ҳизби ҳукмронро дар тарс додани интихобкунандагон ва таъқиби мунаққидон муттаҳам мекунанд.

Дар навбати худ Владимир Воронин, раисиҷумҳури Молдова, баъд аз ҳаводиси моҳи апрел мухолифинро дар талоши бо Руминия ҳамроҳ кардани кишвар айбдор намуд.

Молдова ва Руминия забону фарҳанги ба ҳам қарин доранд ва то ҷанги дуввуми ҷаҳон қисмати аъзами қаламрави феълии Молдова мутааллиқ ба Руминия буд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта раҳбари Молдова бори дигар изҳор намуд, ки пирӯзии мухолифин Молдоваро ба хатари нобудӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Зимнан, Воронин айни ҳол аз пуштибонии Маскав бархурдор аст ва ҳукумати Русия ахиран барои дар ихтиёри Кишинёв гузоштани қарзи 500 миллион долларӣ розӣ шуд.

Раисиҷумҳури Молдова субҳи имрӯз ҳам баъд аз раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботӣ ба робитаҳои қавии Молдова ва Русия таъкид кард ва
Президенти Молдова В. Воронин
гуфт, “дар ин рӯзҳои душворе, ки давлати мо аз сар гузаронд, Русия худро чун дӯсти самимӣ ва наздик нишон дод ва инро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунад."

Аҳзоби мухолифи ҳукумат хостори робитаи наздики Молдова бо Руминия ва шомил шудани кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоянд.

Онҳо мегӯянд, Воронин дар садри гурӯҳи сарватмандони фасодзадаи сиёсиест, ки ҳадафи аслияшон на рушди иқтисод, балки ҳарчӣ бештар пур кардани кисаи худ аст.

Маоши миёна дар Молдова айни ҳол муодили 300 доллари амрикоист. Чаҳоряки молдавиҳо дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд ва аммо баъд аз бӯҳрони иқтисодӣ теъдоди зиёди онҳо маҷбур шудаанд, ки аз Аврупои ғарбӣ ба кишвар баргарданд.
XS
SM
MD
LG