Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манобеъи низомии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар як даргирӣ дар водии Рашт сарвари гурӯҳи мусаллаҳ Неъмат Азизовро бо зарби гулӯла аз байн бурдаанд.

Неъмат Азизов ё "Шайх Неъмат", ки ба қавли ҳукумат аз аъзои фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон буда, бо даҳшатафканҳои Афғонистону Покистон робита доштааст, аз қочоқи маводи мухаддир барои гурӯҳҳои террористӣ сармоя меандӯхтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки собиқ размандагони мухолифин дар водии Рашт робитаи Неъмат Азизовро бо гурӯҳҳои қочоқбар рад мекунанд.

12 июл мақомоти Тоҷикистон бо пахши як хабар дар кушта шудани фармондеҳи оппозисиюни собиқ Мирзо Зиёев Шайх Неъматро масъул эълон карданд. Мақомот гуфтаанд, ки Мирзо Зиёев аснои музокироти ба замин гузоштани силоҳ аз ҷониби Неъмат Азизов ба қатл расид.

Неъмат Азизови 41-сола, сокини деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондехи гурӯҳи мусаллахи Мирзо Зиёев ва аз шахсони мавриди еътимоди ӯ ба шумор мерафт.

Баъди таъин шудан ба мақоми вазири ҳолатҳои изтирори Зиёев шайх Неъматро низ бо худ ба ин вазорат овард. Неъмат Азизов то рӯзи аз мақом барканор шудани Мирзо Зиёев дар паҳлуи ӯ буда, вазифаи фармондеҳи баталйони ин вазорат дар ноҳияи Тавилдараро иҷро мекард.

Ду рӯз пеш зимни сафар дар ноҳияи Тавилдара мо инро мушоҳида кардем, ки мардум ҳама дар бораи шайх Неъмат сӯҳбат мекарданд ва ҳадс мезаданд, ки оё чаро ӯ мехоҳад дубора минтақа ноором шавад.

Аксаран бо ишора ба теъдоди зиёди низомиҳои ҳукумат дар минтақа мегуфтанд, ки шайх Неъмат роҳи гурез надорад ва билохира боздошт хоҳад шуд.

Неъмат Азизов то саршавии даргириҳои ахир дар Қалъаи Ҳусайн, болотар аз маркази ноҳияи Тавилдара бо волидонаш зиндагӣ мекардааст.

Ба гуфтаи яке аз бошандагони деҳаи Лангар ӯ баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то соли 2003 роҳбарии ситоди Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар Тавилдараро ба ӯҳда доштааст.

Баъдан бо хоҳиши худ аз вазифа дур шуда, ин вазифаро ба яке аз бародарзодагонаш мулаққаб ба «Малиш» супурдааст.

Неъмат Азизов то солҳои 2007- ум дар Душанбе ба сар бурда, баъди оғози фишору таҳдид аз ҷониби мақомоти амнияти хонаву дари худро дар Душанбе фурӯхта, ба Тавилдара баргаштааст.

Дар бораи сабабҳои муқовимати ӯ бо нирӯҳои ҳукумати хабархои дақиқ дастрас нест, аммо мақомоти Тоҷикистон ин гурӯҳ ва мусаллаҳони дигар аз ҷумла Мирзо Зиёевро ба кӯшиши ғасби ҳукумати маҳаллӣ муттаҳам карданд.

Ду рӯз қабл аз кушта шудани Неъмат Азизов Мирзо Сафаров муовини раиси ноҳияи Тавилдара дар сӯҳбат бо мо вазъи минтақаро ором арзёбӣ кард ва аммо афзуд нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақа Неъмат Азизовро ҷустуҷӯ доранд.

Вай гуфт: «Вазъи минтақа ором аст, мардум пайи зиндагии хеш қарор доранд. Нерӯҳҳои ҳукумати Азизовро бо гуруҳаш ҷустуҷӯ дорад. Азизов дар ноҳияи Дарвоз зиндагӣ мекунад.»

Аз сӯи дигар он гуна, ки хабаргузорхо дар бораи вазъи минтақа ахбори зидунақиз ба даст меоранд ва пахш мекунанд, ҳамин гуна мардуми маҳаллӣ низ аз воқеият хабар надоранд ва умдатан дар овозаву фарзияҳо ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG