Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонӣ баргузоршуда эътироф гардид


Интихоботи қабл аз вақти парлумонии Молдова баргузоршуда эътироф гардид. Котиби Комиссиюни Марказии Интихоботи кишвар Юрий Чокан изҳор намуд, ки беш аз сеяки афроди соҳиби ҳаққи раъй пушти қуттиҳои овоздиҳӣ омадаанд. Барои курсиҳои парлумони Молдова 8 ҳизби сиёсӣ мубориза мебаранд ва аммо коршиносон мегӯянд, ки фақат панҷ ҳизб имкони вуруд ба парлумонро дорад. Раисиҷумҳури Молдова субҳи рӯзи чаҳоршанбе Владимир Воронин баъди раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон имкони такрори нооромиҳои рӯзи 7 апрелро “ғайривоқеӣ” арзёбӣ кард.Он вақт дар Кишинёв тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифин бо ғасби бинои парлумон ва қароргоҳи раисиҷумҳур поён ёфт. Дар бархурд бо полис як нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баъди он таъйин шуд, ки вакилони аҳзоби мухолиф аз созиш бо ҳизби комунист барои таъйини раисиҷумҳури нав дар парлумон сарпечӣ карданд.
XS
SM
MD
LG