Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ хостори таҳкими равобит бо Тоҷикистон шуд


Tajikistan - President Emomali Rahmon (L) with his Pakistani counterpart Asif Ali Zardari in Dushanbe, 29Jul2009
Tajikistan - President Emomali Rahmon (L) with his Pakistani counterpart Asif Ali Zardari in Dushanbe, 29Jul2009

Сарони Покистону Тоҷикистон рӯзи чоршанбе изҳор доштанд, ки талошҳои муштараки худро дар мубориза бо терроризм афзоиш хоҳанд дод.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон, ки кишвараш гирифтори рӯёрӯиҳои шадид бо шӯришиёни исломист, қавл дод, ки дар ҳамкорӣ бо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз даст ёфтани шӯришиёни минтақа ба силоҳу муҳимоти низомӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ҳарду ҷониб ҳама гуна зуҳуроти терроризмро маҳкум намуданд ва омодагии худро дар мубориза бо ин ду таҳдид баён доштанд.
Зардорӣ гуфт: «Ҷанги наве, ки мо дар асри 21 рӯбарӯ шудем, на фақат ба минтақа, балки кишвари бародари ман, кишвари ман ва ҳамсояҳои мо таҳдид мекунад. Бори дигар таъкид мекунем, ки муштаракан алайҳи ин таҳдиди асри 21 истодагарӣ хоҳем кард.»

Тарҳҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00


Раисҷумҳури Покистон бар зарурати рушди равобит дар соҳоти бонкдорӣ, нақлиёт ва тиҷорат ишорат кард.

Вай афзуд, ҳукуматаш дар оянда бахши хусусии кишварашро барои сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард ва Тоҷикистон метавонад, аз роҳҳои ҳавоиву заминӣ ва бандарҳои Покистон истифода кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар таъйиди суханони ҳамтои покистониаш гуфт, ҷониби Покистон ваъда додааст, ки барои интиқоли моли Тоҷикистон тариқи бандарҳои баҳрии Карочиву Гвадар мусоидат хоҳад кард.

Вай афзуд, то охири соли равон хаттсайри ҳавоии Душанбе – Исломобод шурӯъ ба кор хоҳад кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки кишвараш дар даврони ҳукумати Толибон аз Иттиҳоди Шимол ва Покистон аз Толибон ҳимоят мекард, бар зарурати ҳамкории ду кишвар ҷиҳати ба вуҷуд овардани амнияту субот дар Афғонистон ишорат карда, афзуд: «Тоҷикистону Покистон ҷонибдории худро ба сулҳу суботи комил дар Афғонистон таъкид намуда, бар он ақидаанд, ки фаъолияти босамари ҳукумати фарогир ва таҷассумкунандаи манфиатҳои ҳамаи миллатҳо дар ин кишвари ҳамсоя ва эҳёи иқтисодии он омили истиқрори сулҳу суботи пойдор мебошад.»

Покистон аввалин кишварест, ки дар соли 1992 сармоягузории тарҳи бузург ва пурсарусадои Тоҷикистон – сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба маблағи 500 миллион доллар ба зимма гирифта буд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ин созишнома амалӣ нашуд.

Осиф Алӣ Зардорӣ аз як сафари 14 соли пешаш ба Тоҷикистон ёдовар шуд, ки тибқи бархе аз манобеъ, низ ба мавзӯъи нерӯгоҳи Роғун рабт дошт.

Тибқи ин манбаъ, он замон Зардории вазири молияи Покистон бори дуввум хоста буд, рӯйи сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо ҳукумати Эмомалии Раҳмон тавофуқ ҳосил кунад, аммо ба далели мавқеи хеле мустаҳками Русия дар Тоҷикистон сафари ӯ ба Тоҷикистон натиҷа надод.

Бар хилофи интизориҳои бархе аз коршиносон дар мулоқоти аввалини ӯ ба симмати раисҷумҳури Покистон бо Эмомалии Раҳмон ҳарфе аз нерӯгоҳи Роғун ва умуман пружаҳои энержии Тоҷикистон радду бадал нашуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Покистон бозори билқувваи барқи содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG