Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе ва Исломобод ҳамроҳ бо терроризм меҷанганд


Тоҷикистон ва Покистон талошҳои худ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамоҳанг хоҳанд кард. Дар ин бора ба думболи хатми музокирот миёни сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд. Ин гуфтушунид дар арафаи нишасти минтақаии рӯзи панҷшанбе доир шуд, ки дар он руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Афғонистон ҳам ширкат хоҳанд кард. Баъд аз зӯҳри имрӯз Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон низ вориди Тоҷикистон шуд ва қарор аст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон музокироти алоҳида анҷом диҳад.
Созиши миёни Душанбеву Исломобод дар бораи ҳамоҳанг сохтани талошҳо алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҳоле ҳосил шуд, ки аз шарқи Тоҷикистон дар бораи ҳалокати Неъмат Азизов, раҳбари гурӯҳи мусаллаҳе, ки ахиран дар Тавилдара амал мекард, хабар расид. Як манбаъи низомӣ дар Тавилдара ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Азизов дар ҷараёни як даргирӣ дар ҷамоати Чилдара, 22-километрии маркази ноҳияи Тавилдара кушта шудааст ва нерӯҳои ҳукуматӣ таъқиби мусаллаҳони гурӯҳи ӯро идома медиҳанд.
Чанд ҳафтаи гузашта иттилоъ мерасид, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳ Неъмат Азизов дар наздикии деҳаҳои Ҳафтчароғ, Даштиғурк ва Ғарибон борҳо вориди даргирӣ шудаанд. Шаби 16-уми июл байни ин гурӯҳ ва нерӯҳои давлат як даргирии тулонӣ ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG